Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони ноҳияи Рӯшон

Июнь 25, 2016 14:12

Душанбе, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Нозироти андоз дар маркази ноҳия бо мардуми сершумор ва фаъолони ноҳияи Рӯшон мулоқоти самимию созанда доир намуд.

Дар маҳалли вохӯрӣ сокинон Пешвои ояндасози худро бо шукуҳи хос гарму самимӣ истиқбол гирифтанд, зеро ҳар як ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои кишвар ва вохӯрии Президенти мамлакат бо мардуми шарафманди тоҷик муждаи оғози корҳои ободонию созандагӣ ва шукуфоии ватан аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст барои пазироии самимӣ ва пуштибони амиқ аз сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Рӯшон изҳори сипос карда, онҳоро бо ҷашни умумимиллӣ — 19 — умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфт.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамари мардуми ватандӯст давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки сокинони ноҳияи Рӯшон бо ростқавлию меҳнатдӯстӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон аз ҳисоби буҷети давлат ва тавассути ташаббусҳои бахши хусусӣ 200 иншооти нави иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳу пулҳо ва инфрасохтори энергетикӣ ба маблағи 106 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ барои рушду тараққиёти ноҳия беш аз 480 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имсол низ барои пешрафту шукуфоии ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо намудани 40 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Тӯли солҳои охир дар қаламрави ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи қариб се миллион сомонӣ татбиқ гардида, алҳол ду лоиҳаи дигар дар ҳаҷми беш аз як миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар давоми 12 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар водии Бартанг дар ҳаҷми 32 миллион сомонӣ корҳо иҷро шудаанд. Ҳамчунин татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2016 — 2020 оғоз гардида, дар доираи он амалисозии як қатор лоиҳаҳои нав ба маблағи умумии 130 миллион сомонӣ дар назар аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар баробари натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони ноҳия, инчунин оид ба нақшаву барномаҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду тараққиёти ноҳияи Рӯшон андешаронӣ карда, барои вусъати корҳои ободонӣ ба Ҳукумати кишвар ва масъулини вазорату идораҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.

Баъди суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ сокинони ноҳия, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонон баромад карда, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳояш баҳри таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос карданд.

Июнь 25, 2016 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд