Мулоқоти Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн

Июнь 23, 2016 16:29

Душанбе, 23.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки муносибот дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай имкониятҳоро баҳри густариши ҳамкории судманд ва созандаи бисёрҷонибаю минтақавии давлатҳо афзуну фарохтар хоҳад гардонд.

Сарони давлатҳо инчунин ҷонибдории худро оид ба рушду тавсеаи робитаҳо дар  соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ки то имрӯз ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст, баён намуданд.

Масъалаи васеъ намудани доираи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои муҳими энергетика ва нақлиёту транзит, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, баррасӣ гардида, оғози сохтмони лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи СASA-1000 дар ҳудуди Тоҷикистон дар таърихи муносибатҳои ҳамкорӣ руйдоди муҳим маънидод карда шуд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки бо истифода аз зарфиятҳои бузурги мавҷуда имкон аст, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ солҳои наздик то ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои мубрами ҷомеа, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ карда шуд.

Июнь 23, 2016 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд