Мулоқоти Пешвои миллат бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Июнь 23, 2016 16:35

Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карда, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, “мо ҷонибдори тақвияти бештари низоми навини сиёсӣ ва таъмини субот ва амният дар Афғонистони бародар мебошем ва онро гарави амнияти пойдор дар Тоҷикистон ва кулли  минтақа медонем”.

Ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои дӯстонаву судманди бисёрҷониба, ки марҳила ба марҳила мазмуни амиқтарро касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки барои татбиқи ҳадафҳои ба ҳар ду ҷониб судовар фаъолияти пурсамари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад.

Тақвияти ҳамкории муштарак вобаста ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки хусусияти умумиминтақавӣ ва ҳатто глобалӣ доранд, зарур шумурда шуд.

Дар охир изҳори умед карда шуд, ки ду кишвари ба ҳам ҳамсояву бародар бар асари талошҳои муштарак дар роҳи рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.

Июнь 23, 2016 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд