Муносибатҳои дўстона ва хамкории мутақобилан судманд дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Июнь 20, 2016 15:22

Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Имрўз, 20 июни соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.
Дар маросим вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, намояндагони ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷон бо роҳбарии вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон Салим Муслимов, инчунин намояндагони масъули Вазорати корҳои хориҷӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иштирок намуданд.
Бояд  зикр намуд,    ки баимзорасонии созишномаи мазкур ба рушди муносибатҳои дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мусоидат намуда, ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат хоҳад расонд.

Июнь 20, 2016 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад