Муносибатҳои дўстона ва хамкории мутақобилан судманд дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 20 июни соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.
Дар маросим вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, намояндагони ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷон бо роҳбарии вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон Салим Муслимов, инчунин намояндагони масъули Вазорати корҳои хориҷӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки баимзорасонии созишномаи мазкур ба рушди муносибатҳои дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мусоидат намуда, ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат хоҳад расонд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






