Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар маҷаллаи олмонии «Diplomatisches Magazin»

Июнь 18, 2016 10:20

Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin»-и Олмон дар шумораи моҳи июнии худ ба истиқболи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов мусоҳиба анҷом додааст.  Дар мусоҳиба оид ба роҳи паймудаи давлати навини Тоҷикон дар 25 соли даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати хориҷии пешгирифтаи кишвар ва натиҷаҳои сиёсати «дарҳои боз» дар сиёсати хориҷӣ, рушди энергетика, соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ, рушди маориф,  муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон ва нақши ҷашни Наврӯз дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҷалби сайёҳон сухан меравад. Саҳифаҳои алоҳида оид ба имконоту захираҳои сайёҳии мамлакат ба хонандагон маълумот медиҳад. Инчунин маълумоти пурра аз Форуми иқтисодӣ ва фарҳангии Наврӯз, ки  бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Консули фахрии Тоҷикистон дар замини Ҳамбург Куруши Пуркиён бахшида ба пешвози 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор гардид, ҷой дода шудааст. Маълумотҳои дар ин маҷалла дарҷшуда дар ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва тарғиби Тоҷикистон ҳамчун макони сайёҳӣ дар кишвари Олмон саҳми муносиб гузошта, тӯҳфаи сазоворест  ба ҷашни 25 солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи мазкур моҳона бо теъдоди 12 ҳазор нусха бо забонҳои олмонӣ ва англисӣ нашр ва дар саросари Олмон паҳн карда мешавад.

Июнь 18, 2016 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд