Мусобиқаи кушод оид ба тӯби дастӣ

Июнь 16, 2016 16:56

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба варзиши тӯби дастӣ баргузор гардид, ки ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд.
Мусобиқа дар майдончаи хурди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов бо ширкати чор даста сурат гирифт.Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тӯби дастии кишвар гузаронида шуд. Ҳадафи ташкилкунандагон  ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба ин риштаи варзиш ва таъсиси як дастаи пурқуввати гандбол ҷиҳати ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, бахусус Осиёӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон тайи солҳои охир барои  инкишоф ва тарбия намудани варзишгарони  болаёқат дар риштаи тӯби дастӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҳамасола мусобиқаҳо дар кишвар оид ба тӯби дастӣ ё маъруф бо номи гандбол гузаронида мешаванд.
Дар охири сабқат ба донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии кишвар муяссар гардид, ки бар ҳарифашон- дастаи Мактаби варзишии №5-и шаҳри Душанбе пирӯз шаванду ба гирифтани мақоми аввал даст ёбанд.
Баъд аз бозии финалӣ ва муайян намуди ғолиб дар фазои тантанавӣ ба иштирокчиёни фаъолу дастаи муваффақ медалу ифтихорнома ва ҷоми мусобиқа тақдим карда шуд.

Июнь 16, 2016 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст