Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: дар Деваштич беҳтаринҳо муайян шуданд
Деваштич, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ дар саросари ҷумҳурӣ идома дорад. Дар ноҳияи Деваштич бо ҷалби тамоми фаъолони ноҳия чорабинии ҷамъбасти ниҳоии даври аввали озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, ғолибон қадршиносӣ гаштанд.
Дар мусобиқа дар ноҳияи Деваштич оилаи Фаррух Нуруллоев аз шаҳраки Ғончӣ, хонаи Фотима Холова аз деҳаи Росровут, маҳаллаи Файзободи ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Муҷуни ҷамоати Яхтан ғолиб омада, ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифтанд.
Ба ҳамаи иштирокдорон аз ҷониби раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода нишони ғолибият, туҳфаю ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тантанавор супорида шуданд. Ҳамаи талаботи мусобиқа ба назар гирифта шуда, хонаи Фотима Холова, деҳаи Истиқлол ва ҷамоати Яхтан ба марҳилаи вилоятӣ пешниҳод шуданд








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






