Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ поён ёфт

Июнь 20, 2016 10:05

Хоруғ, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзиши шаҳри Хоруғ бештар аз 100 паҳлавон дар давоми ду  рӯз барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ дар намуди гӯштини миллӣ талош варзиданд.
Сардовари ин сабқат Бек Хусрав гуфт, ки қабл аз мусобиқа дар ҳамин толор семинари назариявию амалӣ барои доварон баргузор шуд ва онҳоро  бо баъзе аз тағйирот дар усулу равияи гӯштини миллӣ шинос намуданд.
Ба гуфтаи сардовар, дар ин сабқат паҳавонон аз вилояти Бадахшону Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат намуданд, танҳо  паҳлавонони суғдӣ иштирок надоштанд.
Дар вазни 70 кг  Комрон Мамадназаров, 90 кг Шакар Шакармамадов ва бештар аз 100 кг Рауф Зиёбеков мақоми аввалро ишғол карданд ва сазовори унвони чемпиони ҷумҳурӣ гардиданд.

Июнь 20, 2016 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд