Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук баргузор гардида, ҳадафи он оммавият бахшидан ба намудҳои варзиши сабук ва ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонон ба варзиш буд.
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук 7 даста аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар мусобиқа 232 нафар варзишгар дар намудҳои мухталифи варзиши сабук, аз ҷумла давидан ба масофаҳои кӯтоҳ ва дароз, давидан бо монеа, ҷаҳидан, эстафета, партоби саққо, диск ва ғайра байни ҳам рақобат намуданд.
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук дар баробари мардон бонувон низ иштироки фаъол доштанд.
Ба гуфтаи масъулини баргузории чорабинӣ, беҳтарин варзишгарони ин мусобиқа шомили дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд шуд. Пас аз анҷоми мусобиқот ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм медал ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






