Мусобиқоти гӯштини юнонӣ-румӣ ба ифтихори 25- солагии Истиқлолият дар Гулистон

Июнь 9, 2016 16:53

Гулистон, 09.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти маҳаллии шаҳри Гулистон ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти шаҳр  бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва гиромидошти хотираи нахустин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев дар толори варзишии Истиқлол-и шаҳр мусобиқаи кушоди гўштини тарзи юнонӣ  румӣ доир гардид. Дар он варзишгарон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон ва ноҳияи Б.Ғафуров ширкат варзида, аз рўи 13 намуди вазн байни ҳам рақобат карданд.
Тавре ки сардовари мусобиқа Собир Аминов иттилоъ дод,  ҳадаф аз ташкили мусобиқаи мазкур, ки тӯли ду рӯз идома ёфта, дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронида шуд, пеш аз ҳама, рушди тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳамзамон ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон ба намудҳои варзиш буд.
Дар ҷамъбасти мусобиқот, ки дар он 146 нафар варзишгарон иштирок доштанд, ҷои аввал ва ғолибият бо ба даст овардани 22 медал насиби дастаи шаҳри Гулистон дониста шуд. Ҷои дувум насиби дастаи шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюм насиби дастаҳои Бўстону ноҳияи Б.Ғафуров гардид.
Ғолибони мусобиқа бо Ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравии таъсисгарони мусобиқасарпараст оилаи Файзуллоевҳо сарфароз гардонида шуданд.

Июнь 9, 2016 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад