Мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол ба анҷом расид
Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни духтарони соли таваллуди 2000-2001 барои дарёфти Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Одинаев ба анҷом расид.
Мусобиқаи мазкур ба 79-солагии Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ волейболбози дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ Нуралӣ Одинаев бахшида шуд, ки мақсади он тарғиби волейбол байни ҷавонону наврасон, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо арзёбӣ гардид.
Дар мусобиқа шаш даста аз вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Волейболбозони наврас бо як омодагии ҷиддӣ ба мусобиқа омада, барои дарёфти Ҷом ҷаҳду талош намуданд. Барои касби ҷойҳои якум дуюм ва сеюм дастаҳои волейболи Душанбе-1 бо Суғд ва Душанбе-2 бо Хатлон-1 байни ҳам рақобат намуданд. Барои ҷойи сеюм дастаҳои Душанбе-2 ва Хатлон-1 дар рақобат шуданд.
Дар ниҳоят дастаи Хатлон-1 бо ҳисоби 3:0 рақиби худро шикаст дода, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар мусобиқаи ниҳоӣ миёни дастаҳои Душанбе-1 ва Суғд рақобати шадид сурат гирифт. Тими Суғд низ ҳарифашро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба волейбол миёни духтарони соли таваллуди 2000-ум ва 2001-ум гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






