Нахустин маҳфили эҷодкорони ҷавон дар Деваштич
Деваштич, 6.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич нахустин маҳфили адибони ҷавон баргузор шуд.
Раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода иброз дошт, ки солҳои охир ба эҷодиёти адибон, аз ҷумла адибони ҷавон эътибор афзуд ва даҳҳо маҳфилу шабнишиниҳо ҷараён гирифтанд, ки минбаъд низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, нависанда, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, адибони маъруф Юсуф Насрулло, Ӯрунбой Усмон дар гурӯҳҳои алоҳида навиштаҳои қаламкашони ҷавону наврасро ба риштаи таҳлил кашида, барои боз ҳам беҳтару бомазмун ва дилчасп шудани маҳсули қаламкашон маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар маҳфил 12 нафар адибони ҷавону наврас иштирок намуданд.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






