Намоиши дастовардҳои ҳунарии сокинони Рашт дар «Боғи Ирам»

Июнь 13, 2016 10:56

Душанбе 13.06.2016/АМИТ «Ховар/.  12 июн «Боғи Ирам»-и пойтахт шукуҳи хосса дошт. Дар ин ҷо барои истиқболи сазовори  ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳсули дастони ҳунармандон ва кишоварзони ноҳияи Рашт ба намоиш  гузошта шуд.  Инчунин дар маҳфили фарҳангӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия Рашт бо  барномаи ҷолибу хотирмони консертӣ, ки аз созу наво, суруду таронаҳои дулошӯб ва рақсҳои марғуб иборат буд,  хотири меҳмонону ҷамъомадагони «Боғи Ирам»-ро болида намуданд.
Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар «Боғи  Ирам»-и пойтахт баргузор гардида,  то 4 сентябр идома меёбанд. То ба ҳол сокинону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Тоҷикобод ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ  бо барномаҳои ҷолиби консертӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
Интизор меравад, ки ҳафтаи оянда ҳунармандони яке аз ноҳияҳои  дурдасти кишвар- ноҳияи Лахш дастовардҳои фарҳангию ҳунарии худро дар «Боғи Ирам» ба намоиш гузоранд.

Июнь 13, 2016 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид