Намоишномаи «Хӯса ё навҷӯӣ дар сангистон» рӯи саҳна гузошта шуд

Июнь 20, 2016 15:24

Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа намоишномаи наверо бо номи «Хӯса ё навҷӯӣ дар сангистон» пешниҳоди дӯстдорони театр намуданд.
Аз маркази  матбуоти раиси вилояти Хатлон   иттилоъ доданд, ки дар қабули намоишнома сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шӯрои бадеии худи театр ҳузур дошта, ба он баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки рӯи саҳна омадани намоишномаи «Хӯса ё навҷӯӣ дар сангистон» айни муддаост.
Аҳли эҷоди театр намоишномаро бахшида ба 75-солагии драматург ва адиби шинохтаи тоҷик Нур Табаров рӯи саҳна овардаанд.
Намоишномаи мазкур аз рӯи асари Нур Табаров дар таҳияи коргардони ҷавон Эраҷ Султонзода рӯи саҳна гузошта шуд.
Намоишномаи «Хӯса ё навҷӯӣ дар сангистон»  басо ҷолибу пурмазмун буда, инсонҳоро ба некию накӯкорӣ, покизагию ростқавлӣ, адолатпешагӣ ва хештаншиносию ватандорӣ даъват мекунад,-зикр намуд манбаъ.

Июнь 20, 2016 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад