Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ дар вилояти Свердловски ФР гузориш дод

Июнь 24, 2016 13:52

Душанбе, 24.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати «мизи мудаввар» оид ба натиҷагирии фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор гардид.
Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия Иқбол Шаҳбозов дар ҳисоботи худ иттилоъ дод, ки дар давраи фаъолияташ намояндагӣ ба 3511 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ёрии ҳуқуқии ройгон расонидааст, ки аз ин шумора 835 ё 28,5%-ро занон ташкил медиҳад.
Ба иттилои Иқбол Шаҳбозов, мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатӣ-ин пардохт нагардидани музди меҳнат, надонистани забон ва қонунгузории Федератсияи Русия, истифода бурдан аз хизматрасонии шахсони сеюм ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо, ки маъмулан қалбакӣ тайёр карда мешаванд, мебошад.
Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки дар тӯли фаъолияти яксолааш 78 нафар барои гирифтани иҷозат барои зисти мувақатӣ, 69 нафар барои  тасдиқ намудани шаҳрвандии ҶТ ва 47 нафар барои баромадан аз шаҳрвандии ҶТ муроҷиат кардаанд. Яке аз сабабҳои баромадан аз шаҳрвандиро Иқбол Шаҳбозов   фаъолият намудан дар мақомоти давлатии Федератсияи Русия арзёбӣ намуд.
Тавре ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода зимни оғози суҳбат иброз намуд, соли 2015 бо мақсади ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор бо Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва инчунин дар асоси Созишномаи  ҳамкорӣ бо Ваколатдори вилояти Свердловски ФР дар консулгарии ин вилоят  намояндагии ин мақомот ба тариқи озмоиш, яъне пилотӣ ташкил карда шуд.
Ин иқдом дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия тавассути Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ» аз моҳи сентябри соли 2015 то моҳи майи соли 2016, ки аз тарафи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ маблағгузорӣ ва аз ҷониби ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» амалӣ карда шуд, татбиқ гардид.
Намояндагии ВҲИ ҶТ дар назди Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбург фаъолият карда, моҳи майи соли равон фаъолияти он ба итмом расид. Ин тартиб ба ВҲИ ҶТ имкон дод, ки мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатии ин минтақаи ФР-ро омӯзад ва барои бартараф намудани он ба мақомоти дахлдор тавсияҳо пешниҳод намояд, инчунин муҳим ва муфид будани ин тартибро баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо собит кард.

Июнь 24, 2016 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад