Нархи маҳсулоти асосии истеъмолии сокинон муътадил боқӣ мондааст

Июнь 7, 2016 12:00

Душанбе.07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар  арафаи моҳи шарифи Рамазон дар сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ ва дигар васоити ахбори омма  хабару гузоришҳо оид ба болоравии  нархҳои маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ба нашр расида, муаллифону шаҳрвандон  аз ин амали носавоби савдогарон   шикоят мекарданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар»  дар рӯзи аввали моҳи Рамазон бо мақсади  шиносоӣ бо вазъи нарху навои маҳсулоти ғизоӣ аз чанд бозори пойтахт дидан  намуд.  Маълум гардид, ки  нархи маҳсулоти асосии истеъмолии сокинон — пиёзу картошка, сабзӣ, дигар сабзавот  ва меваҷот тағйир наёфтаанд.
Масалан, дар бозори «Деҳқон» -и пойтахт   қимати як килограмм пиёз 50- 60 дирам, картошка вобаста ба сифаташ 1 сомониву 20-30 дирам,  сабзӣ 1 сомониву 30 дирам,  1  килограмм гӯшти гов  31-32 сомониро ташкил медиҳанд. Дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Қарияи боло»,  «Саховат» ва бозорчаи «Дӯстӣ»  низ нархи маҳсулоти асосии истеъмолии сокинон муътадил буда,  тағйирёбии он мушоҳида намегардад.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ  «Ховар» чанде аз  харидорони  маҳсулоти хӯрокӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе зикр намуданд, ки   назар ба  солҳои  пешин имсол нархи маводи ғизоӣ муътадил боқӣ мондааст ва аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки  Раёсати «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ҳамаи бозорҳои пойтахт нуқтаҳои савдои худро  кушодаанд, ки фаъолияти онҳо  барои  боло нарафтани нарху навои маҳсулоти ғизоӣ  дар рӯзҳои минбаъдаи моҳи шарифи Рамазон ва оянда  низ  мусоидат  намуда,  боиси дилпурии  сокинон  гардидааст.
Ҳамчунин  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бобати  пешгирӣ  аз болоравии нархи маҳсулоти хӯрокӣ   дар чанде аз нуқтаҳои шаҳр,  аз ҷумла дар бозори «Шому саҳар»-и маҳаллаи Қарияи боло ярмаркаи  маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил  намудааст, ки дар он нархи маҳсулот аз қимати бозорҳо аз 10 то 30 дарсад арзонтар аст.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омори расмӣ сатҳи таваррум дар соли 2015 нисбат ба соли пешин тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, ба 5,1 фоиз баробар шуд. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 4,3 фоиз, ғайриозуқа 7,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ  2,3  фоиз ба амал омадааст. Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд. Дастоварди боло ё фаровонию арзонии маҳсулот дар натиҷаи ба маротиб афзоиш ёфтани истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, мевагӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, ангишт, семент, хишти пухта ва дигар молҳои ниёзи мардум ба даст омадааст.
-Дар аввалин моҳи соли 2016 тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодие, ки вобаста ба вазъи идомаёбандаи берунӣ-иқтисодӣ, яъне таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида мешавад, то андозае ба болоравии нархҳои баъзе аз маҳсулоти бар ивази асъори хориҷӣ берун аз кишвар воридшаванда таъсир расонидааст ва  дар айни замон  тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирот асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад ва  соли гузашта  дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоюли пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ доштанд,-афзуд манбаъ.
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бақайдгирӣ ва баҳодиҳии нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар бозорҳои калонтарини минтақаҳои кишвар ҳамарӯза анҷом дода мешавад ва таҳлилҳо нишон доданд, ки нархи миёнаи молу маҳсулоти воридотӣ назар ба нарху навои онҳо дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил пасттар аст.
Аз  Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ доданд, ки шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд. Соҳаи соҳибкории истеҳсоливу  кишоварзӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дошта, Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути қабул ва татбиқи барномаҳои мухталифи соҳавӣ бо мақсади пурра таъмин кардани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва нигоҳдории муътадилии нархи маҳсулот тамоми имкониятҳои худро равона намуда истодааст.
Дар баробари ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ниёзи мардум ва воридивазкунанда ва бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои ватанӣ барои афзун намудани ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи нисбатан пасттар ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ сари вақт пешниҳод кардани маблағҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Барои мисол, дар соли 2015 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ зиёда аз 7,5 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд, ки нисбат ба соли 2014-ум 32,9 фоиз зиёд мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ бурда, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул, инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо, бахусус ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор тадбирҳои зарурӣ меандешад ва барои  ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор барои таъмини иҷрои ин вазифа, нигоҳдории вазъи муътадили макроиқтисодию молиявӣ, рушди воқеии иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардуми кишвар тамоми имкониятҳои худро равона месозад.

Июнь 7, 2016 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд