Навовари беҳтарин муайян гардид
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни олимони ҷавон бо номи «Навовари беҳтарин» бо ширкати беш аз 15 нафар намояндагони муассисаҳои олии кишвар дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Ректори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова зикр кард, ки: «Дар давоми 4 соли охир маротибаи дуюм баргузории озмуни мазкур дар Донишкадаи политехникӣ нишонаи қадрдонӣ аз меҳнати босуботи ҷомеаи меҳнатии донишкада маҳсуб шуда, моро вазифадор менамояд, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати кишвар қадамҳои устувор гузорем».
Сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми кишвар, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёев ҳозиринро бо шартҳои баргузории озмун шинос намуд. Ба озмун 30 лоиҳа пешниҳод гардида, ҳайати ҳакамон дар се самт- техника ва технология, информатика ва табиию риёзӣ лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи олимони ҷавонро месанҷанд. Беҳтаринҳо бо диплому мукофотпулии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд. Сипас озмун дар бахшҳо оғоз ёфта, олимони ҷавон бо истифода аз проектору мултимедиҳо тавонистанд лоиҳаҳои омодакардаи худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намоянд. Мавзӯи лоиҳаҳо гуногунрангу мутобиқ ба шароити рӯз буд. Дар бахши техника ва технология ғолибият насиби Олим Сайидалиев аз Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа гардид. Зинаҳои дуюм ва сеюмро Гулаҳмад Мирзоев аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Дилшод Исломзода аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Дилшод Равшанов аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даст оварданд.
Дар бахши информатика донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Кароматулло Ҳаёев ва Умедаи Талаб аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷойи аввалро сазовор гардиданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Сановбар Муродова аз Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа, Алишер Воҳидов аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Абдурашид Ҷабборов аз Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ишғол намуданд.
Дар бахши табиӣ ва риёзӣ Осими Оқил аз Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ беҳтарин буд. Ҷамшед Тағоев ва Ҷумъахон Булбулов аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷойи дуюму сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол диплом, мукофоти пулӣ ва ифтихорномаҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






