Назари хосса ба технологияи истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар ДТТ
Душанбе, 8.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар- таъмини амнияти озуқаворӣ бо ибтикори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Технологияи муосири истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ» доир гардид. Дар кори семинар олимони соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналхалқии марбут ба соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони раёсати кишоварзӣ, Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва беҳдошти замини вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Дар семинар роҳҳо ва сарчашмаҳои афзун намудани истеҳсолот, ҷараёни ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, усулҳои парвариши муосири дарахтон аз тариқи технологияи интенсивӣ, усулҳои обёрии қатрагӣ, роҳҳои бартараф намудани ҳашароти зараррасон, вусъат бахшидани соҳаи тухмипарварӣ аз забони мутахассисон садо доданд.
Дар фарҷом аз ҷониби аҳли нишаст барои беҳбудии вазъ якчанд таклифҳо пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар назди кафедраи агротехнологияи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд курси бозомӯзии мутахассисони соҳа ташкил карда шавад.
Ҳамчунин дар оянда кушодани ихтисоси гидромеханик ба фоидаи кор аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






