Норак: Маҳфили оммавӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар

Июнь 24, 2016 10:07

Норак, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар госпитали шаҳри Норак бо ташаббуси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр дар ҳамкорӣ бо кормандони беморхонаи марказӣ таҳти унвони «Мубориза бо нашъамандӣ- масъулияти ҳамагон» маҳфили оммавӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғариқонунии он доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Алиҷон Каримов ва наздики 100 нафар намояндагони касбу кори гуногун, кормандони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, корҳои дохилӣ, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва як гурӯҳ  занон иштирок намуданд.
Дар маҳфил масъулин вобаста ба мавзӯи семинар доир ба оқибатҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии нашъамандӣ, барномаи ҳукуматӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, роҳҳои пешгирии нашъамандию  нашъаҷаллобӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим ибрози назар карданд.

Июнь 24, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст