Ношукрӣ Абдуллоро ба кунҷи маҳбас бурд

Июнь 23, 2016 15:38

Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сад афсӯс, ки бархе аз ҷавонони мо   оқибати даст ба ҷиноят задани дигаронро дидаву дониста, ба ҷойи шукргузорӣ аз зиндагии орому осоиштаи Ватан  даст ба ҷиноятҳои нангин мезананд.
Судшаванда Абдулло Юсуфов дар Тоҷикистон  аз чизе танқисӣ надошт. Номбурда дар курси сеюми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, факултаи муносибатҳои байналхалқӣ таҳсил  мекард, оиладор ва соҳиби як фазанди дустрӯяк  аст.
Агар Абдулло ношукрӣ аз ин саодати рӯзгор намекард, баъди хатми донишгоҳ метавонист соҳиби ҷойи кор гардида, бо аҳли хонаводааш  хушбахтона умр ба сар барад. Аммо оқибати кӯтоҳандешӣ ӯро ба  кунҷи  маҳбас бурд.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Юсуфов Абдулло Шералиевич, соли тавллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Шерозӣ, хонаи №19, ҳучраи №7  бо айбдорӣ аз рӯи   моддаи 401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Суд муайян намуд, ки А.Юсуфов шурӯъ  аз моҳи марти соли 2015  дар шабакаи интернетии «Одноклассники»  саҳифаи худро созмон дода, бо нафаре бо номи Абу Дирар, ки шахсияташ муайян карда нашудааст, шиносой пайдо намуда, даъвати   ӯро барои ҷиҳод намудан дар  Ҷумҳурии Арабии Сурия  пазируфта,  аз пайи амалӣ гардидани ин  мақсад мегардад.
Рӯзи 16 июни соли 2015, пинҳонӣ аз аъзои оила, аз ҷумла,  ҳамсараш тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ва пас ба шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина парвоз карда, 17 июни соли 2015 бо хатсайри «Киев-Истанбул» ба давлати Туркия рафтааст. Дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул ӯро ду нафар, ки шахсияташонро тафтишот муайян накардааст, пешвоз гирифта, ба хонае бурдаанд.  24 июни соли 2015 ӯ бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонони миллаташон чечен ва қазоқ, ки шахсияташон дар рафти тафтиши пешакӣ муайян нашудааст, тавассути мошин ба шаҳри Газиантепи Туркия рафта, сипас сарҳади Ҷумҳурии Арабии Сурияро убур намуда, аввал ба шаҳри Латакия ва аз он ҷо ба шахри Ҳалаб рафтаанд. Дар шахри Ҳалаб ӯ ба ташкилоти «Ҷабҳату-н-Нусра», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  соли 2015 ташкилоти экстремистй-террористй эътироф  шудааст, шомил шуда, таълимоти ҳарбиро гузашта, истифодаи силоҳҳои оташфишони гуногунро омӯхтааст. Сипас бо супориши яке аз саркардагони ташкилоти зикршуда ҳамчун наворбардор тарзи будубош ва нигоҳдории зиндониёнро дар шаҳрҳои Ҳалаб, Латакия, Хомс, Идлиб ва дигар шаҳрҳои таҳти тассаруфи гурӯҳи террористии номбурда қарордошта наворбардорӣ намудааст. Ҳангоми дар ташкилоти экстремистй-террористии «Ҷабҳату-н-Нусра» буданаш ӯ пайваста тавассути сомонаи интернетии «Вотсап» бо апааш Зайнаббибии Шералӣ суҳбат намуда, дар рафти он иброз намудааст, ки «дар беҳтарин сарзамин қарор дошта, аз ягон чиз камбудӣ надорад ва агар кормандони амният ӯро пурсон шаванд, гӯяд, ки дар хонаи хусураш қарор дорад».
А.Юсуфов  то охирҳои моҳи январи соли 2016 дар он ҷо фаъолият намуда, аввалҳои моҳи феврали ҳамин сол  бинобар пурзӯр гардидани амалиёти зиддитеррористии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Федератсияи Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Арабии Сурия ва зиёд шудани шумораи бомбаборонкунии ҷойҳои будубоши террористон, аз тарси он ки ба халокат мерасад, аз ҳудуди Ҷумҳурии Арабии Сурия гурехта, ба воситаи Ҷумҳурии Туркия боз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст ва  9 феврали соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
Бо дастрасии моддаҳои  332, 333, 334-335, 338, 339, 341-344, 347, 348-и Кодекси мурофиавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд ҳукм  намуд, ки  Юсуфов Абдулло Шералиевич бо моддаҳои мазкур   гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ 14 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи  ислоҳии дорои низоми  сахт таъйин гардад.
Судшаванда Абдулло Юсуфов имрӯз аз кардааш пушаймон аст, аммо чи хеле ки дар урфият мегӯянд, «пушаймонӣ надорад оқибат суд».

Июнь 23, 2016 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд