Оғози фаъолияти фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶДММ «Покрӯд»
Душанбе, 04.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат фабрикаи ғанигардонии маъданӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд «Покрӯд» ба фаъолият шуруъ кард.
Фабрикаи мазкур барои коркарди маъдани кӯҳӣ, ки аз он тилои хушсифат истеҳсол карда мешавад бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар ҳамкори бо мутахаассисони Ҷумҳурии мардумии Чин бунёд гардидааст. Тибқи хулосаи мутахассисони соҳа захираи тилло дар минтақа барои 35 сол пешбини гардидааст.
Дар фабрикаи мазкур техналогияи ҳоизаразмони саноати истифода гардида, муҳити зистро аз заҳролудшави эмин медорад. Дар наздикии майдони маъданӣ як чанд деҳа мавҷуд аст, ки аҳолии ин деҳаҳо низ ба корҳои иктишофӣ — геологӣ ва истихроҷ иштирок карда истодаанд. Дар маҷмуъ 715 нафар ба кори доими ҷалб гардидаанд, ки аз ин шумора 510 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 205 нафарашро мутахассисон аз Ҷумҳурии мардумии Чин ташкил медиҳанд. Ҳангоми ба пурагӣ ба роҳ мондани фаъолияти фабрикаи мазкур имконаст, ки наздики 2 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ, маоши хубу се вақт хуроки гарм ва сару либоси корӣ таъмин гарданд. Гуфта шуд, ки дар фабрика барои хизматрасонии тиббӣ ба кормандон бунгоҳи тибби муҷаҳаз бо таҷҳизоти зарури фаъолият мекунад. Дар баробари ин гӯруҳӣ наҷотдиҳандагон ташкил гардидааст, ки мутахассисон дар ҳолати рух додани садама дар нақбҳо, ва ё дигар ҳолатҳои хусусияти табииву сунъи дошта кумаки наҷотбахширо саривақт анҷом медиҳанд.
Барои омузиши таркибӣ маъданҳои ихроҷшуда озмоишгоҳ фаъолият мекунад, ки дар баробари мутахассисони чинӣ ҷавонони тоҷикистонӣ низ ба кор ҷалб гардидаанд. Ба сардори давлат иттилоъ расонида шуд, ки корҳои нақбкани аз соли 2012 оғоз гардида то ба имрӯз ба миқтори 19 ҳазор метри тӯлонӣ иҷро гардидааст. Тибқи нақша ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди фабрикаи ғанигардонии маъданӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд «Покрӯд» 256 милион долари амрикоиро дар бар мегирад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷом дода шуда ва фаъолияти хуби мутахассисони фабрикаи мазкур изҳори қаноатманди намуда барои бозҳам хуб ба роҳ мондани корҳои иктишофи — гелолгӣ ва истихроҷу истеҳсол дастуру супоришҳои мушахас дода изҳор дошт, ки наметҳои табии бояд, ки ба манфиати миллату давлат истифода шаванд.
















Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ сангӣ асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд






