Ғолиби озмуни ҷамоати беҳтарин дар Деваштич муайян гардид

Июнь 14, 2016 11:28

Деваштич, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияи беҳтарин, ҷамоат, маҳалла, оила ва хонаи намунавӣ ҷараён дошта, имрӯзҳо он натиҷабардорӣ мешавад. Ҷамоати деҳоти Яхтан дар ноҳияи Деваштич дар зинаи аввали ғолибияти ин мусобиқа  ҷой гирифт.
Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 5 мактаби замонавӣ ва 2 кӯдакистон амал менамояд. Инчунин бо ибтикори собиқадори меҳнат Ворис Орипов барои бунёди варзишгоҳ дар деҳаи Хӯҷа Тоҳир низ санги асос гузошта шудааст. Соҳибкорони маҳалӣ ба рушди корхонаҳои саноатӣ эътибор дода, аз ҷумла  Корхонаи хиштбарории ҲАҶМИС  ва коргоҳи коркади қуму шағали «Манзил» фаъолият доранд. Дар ҳамаи деҳаҳо марказҳои таълимию истеҳсолии ҳунарҳои миллӣ амал карда, беш аз 30 нафар занону духтарон бо ҷои кор таъмин шуданд. Соҳаи пиллапарварӣ низ дар ҷамоат рушд ёфта, беш аз 70 фисади хоҷагиҳои пиллапарвар ба ҳиссаи хоҷагиҳои ҳудуди ҷамоати мазкур рост меоянд.
Дар чорабинии тантанавии ҷамъбастӣ тамоми сокинони ҷамоати мазкур бо намоиши дастовардҳои ҷамоавӣ ҷамъ омаданд. Даҳҳо фаъолоне, ки дар пешбурди соҳаи гуногуни хоҷагии халқ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг ва варзиш саҳмгузор буданд, аз тарафи раиси ноҳия бо Ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Июнь 14, 2016 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард