Ҷоми сабқати бадансозӣ насиби Фирдавс Дӯстов гардид

Июнь 1, 2016 14:53

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик  Фирдавс
Дӯстов ғолиби сабқати бадансозӣ ё  бодибилдинг дар Тоҷикистон шуд. Ин сабқат дар шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 60 варзишгар доир гардид ва ҳакамон Фирдавсро ғолиби мутлақи мусобиқа эълон карданд. Ғолиби сабқат  бар  иловаи «Ҷоми қувват 2016» соҳиби  20  ҳазор сомонӣ ҳам шуд.
Фирдавс  Дӯстов  дар  суҳбат ба хабарнигорон   гуфт, ки  соли гузашта то даври финалии  мусобиқа  роҳ ёфт, аммо бахташ омад накард: «Имсол бо  омодагии хеле хуб ба мусобиқа омада будам ва ғолиби мутлақ  эълон  шудам».
Ёдовар мешавем, ки  соли гузашта Хуршед Толибов барандаи мутлақи сабқати бадансозии Тоҷикистон шуда буд.

Июнь 1, 2016 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд