Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Душанбе баррасӣ мегарданд
Душанбе, 08.06.2016/АМИТ «Ховар»/.Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар саросари кишварамон таҷлил мешавад, ҳафтаи оянда дар Душанбе дар мавзӯи «Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандаи конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ буда, дар конфронс иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимон, коршиносон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе дар назар аст.
Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронс атрофи паҳлуҳои тақвияти ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ, вазъ ва дурнамои он ибрози назар намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






