Суди конститутсионӣ зодаи Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 25.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Суди конститутсионии мамлакат бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимон, мутахассисони мақомоти давлатӣ ва намояндагони судҳои гуногун дар мавзӯи «Суди конститутсионӣ зодаи Истиқлолияти давлатӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ Содиқ Шоҳназаров, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар Салимзода Шерхони Одина иштирок намуда, зимни маърӯзаҳои худ дастовардҳои назарраси соҳаи ҳуқуқ ва ҳокимияти судиро дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба ҳозирин баён карданд.
Иштирокдорони маҳфил аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду ҷашни бузурги миллати тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро таъкид карда, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, устувор намудани пояҳои давлатдории нави тоҷикон ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ беназиру таърихӣ баҳогузорӣ карданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки маҳз бо шарофати ақлу заковат, хиради азалӣ, ватандӯстӣ ва ҷасорату ҷоннисорӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ вазифаҳои муҳими марҳалаи аввали соҳибистиқлолии Ватанро муайян намуда, бо талошу кӯшишҳои бевосита ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад ва мамлакатро ба Ваҳдати миллӣ расонад. Дар марҳилаи дигар эътибори байналмилалии Тоҷикистон боло рафта, вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва сатҳи некӯаҳволии сокинон ба маротиб боло рафт.
Маҳмад Раҳимзода — директори Маркази миллии қонунгузорӣ зимни маърӯзаи худ изҳор намуд, ки Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ қонунҳо арзишҳои миллиро ифода карда, рисолату моҳияти онҳо ба рушди давлатдории миллӣ, инкишофи иқтисодиёти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва якпорчагии давлат равона шуданд.
Хотиррасон бояд шуд, ки имсол дар саросари мамлакат 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдат бо шаҳомати хоса ва ифтихори шоиста аз Ватану ватандорӣ ҷашн гирифта мешавад.













23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






