Ҷопон ва ЮНИСЕФ барои беш аз 1 млн кӯдак вояву доруворӣ тақдим намуданд
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷопон ва намояндагии ЮНИСЕФ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар як миқдор вояву дорувории зарурӣ тақдим намуданд. Маросими супоридани доруворӣ дар МД «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада, намояндаи ЮНИСЕФ Лючия Элми, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Навруз Ҷаъфаров ва дигар намояндагони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.
Доруворӣ ва вояҳои тақдимшуда имкон медиҳанд, ки фавти кӯдакони навзод ва кӯдакони то 6- сола кам шавад. Бино ба иттилои муовини вазири тандурустӣ, маводи тақдимшуда аз занҷираи хунукинигоҳдоранда, вояҳои зидди сурхча, сурхакон, БСЖ ва гепатити В, маҳлулҳои регидрон ва синк барои пешгирии бемории дарунрав барои беш аз 1 миллион кӯдак иборатанд. «9 марти соли равон Ҳукумати Ҷопон ба миқдори беш аз 5 миллион доллари ИМА барои расонидани кумакҳои техникию башардӯстона, харидории воя барои пешбурди ҳамгироии бемориҳои кӯдакона то соли 2020 маблағ ҷудо намуд»,-илова намуд Н.Ҷаъфаров.
Зикр гардид, ки маводи доруворӣ дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва идоракунии бемориҳои кӯдакона», ки дар асоси созишномаии байни ҳукумати Ҷопон, ЮНИСЕФ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба имзо расидааст, амалӣ мегардад.
Такаши Камада баён дошт, ки яке аз самтҳои ҳамкории ҳукуматҳои Ҷопон ва Тоҷикистон- ин тақдими воя ва доруворӣ мебошад.
«Дар давоми 10 соли охир Ҷопон дуюмин кишваре мебошад, ки ба Тоҷикистон вояи бештарро пешниҳод мекунад. Ҳадафи ин иқдомҳо, албатта, коҳиш додани сатҳи фавт ва бемории кӯдакон мебошад»,-илова намуд Такаши Камада.
Намояндагони Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ инчунин аз ҷараёни эмкунии кӯдакон дар МД «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» дидан намуданд.
Бино ба гуфтаи ҳамшираи шафқати марказ, онҳо дар як рӯз 18-20 кӯдакро эм мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






