Ошкор гардидани молҳои ба таври ғайриқонунӣ воридгардида
Душанбе, 07.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби гумрукчиёни тоҷик мошини тамғаи «Опел Зефира» боздошт гардид, ки аз дохил ва болои он 8 тӯб молҳои либосвории аз Узбекистон ба таври қочоқ воридгардида ошкор шуданд.
Молҳои ба таври ғайриқонунӣ ба кишвар воридшуда ба шаҳрванд Қ.А.О мутааллиқ буда, зимни пурсиш мавсуф иқрор кардааст, ки либосворӣ воқеан бидуни ба расмият даровардани гумрукӣ ворид карда шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар моли ба таври ғайриқонунӣ ба қаламрави кишвар воридгардида аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдор ба расмияти гумрукӣ дароварда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






