Оё мутасаддиён дар муддати ду ҳафта тозакунии заҳбурҳоро ба анҷом мерасонанд?
Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом ин ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани миқдори зиёди заминҳои минтақаи Тӯқай чун мушкилӣ боқӣ мондааст.
Зимни сафари корӣ раиси вилоят ин минтақаро мавриди назар қарор дод. Тибқи нақша дар ин минтақа 2742 гектар замин мавҷуд аст, ки 1436 гектарашро заминҳои корам ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии заминҳо ҳамагӣ 800 гектар мавриди истифода қарор гирифтаасту халос. Сабаби беистифода мондани майдонҳои фарох, агар аз як тараф баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ ва шӯр гардидани замин бошад, аз тарафи дигар ҳуҷуми чорвои беназорат дар мисоли галаи аспҳои бегона ва гову гӯсфанд ба зироати деҳқон аст, ки тайи чанд соли охир онҳоро ба ташвиш гузоштааст.
Ҷиҳати бартарафсозии ин мушкилӣ бо дастгирии роҳбарияти вилоят кофтани саддҳо барои пешгирии чорво ва тоза кардани заҳбурҳо шурӯъ шудааст. Барои ин кор аз буҷети вилоятӣ 1,5 миллион сомонӣ равона гардидааст. Раиси вилоят барои анҷоми кори тозакунии заҳбурҳо дар назди мутасаддиён ду ҳафта муҳлат гузошт. Дар ин муддат бояд роҳбарияти шаҳр ҳамчунин 400 гектари дигарро дар ин минтақа барои пешниҳоди соҳибкорони хоҳишманд омода намояд ва дар ин заминҳо кишти зироат худи ҳамин сол ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тавр, пешгирии чорвои бегона ва таъмини об имкон медиҳад, ки миқдори зиёди заминҳо дубора ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шавад ва барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






