Озмуни «Дӯстдорони табиат» дар ДМИТ
Душанбе, 04.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 5 июн- Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ)дар байни факултаҳо ва шуъбаи магистратура озмун таҳти унвони «Дӯстдорони табиат» гузаронида шуд.
Мақсади озмун муайян намудани беҳтарин ҳифзкунандагони табиат, такмили асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифат ва тарбияи экологӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии нав бо назардошти мақсадҳои стратегӣ дар самти тараққиёти иқтисодии мамлакат дар замири донишҷӯён ба вуҷуд овардани тафаккури экологию иқтисодӣ, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва ноил шудан ба мувофиқати он ва фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои аҳолӣ буд.
Дар озмун 5 факулта ва шуъбаи магистратура иштирок карда, ҳама аз рӯи низомномаи озмун гӯшаҳои табиат ва дигар дастовардҳои худро ба маърази тамошо бароварданд ва барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист пешниҳодҳои мушаххас карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






