Пешгирии бемориҳои сироятӣ
Душанбе, 06.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи ҳамкории дуҷонибаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июн бо кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар ва қочоқи он, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав аз тарафи бархе аз ҷавонон ва ашхоси ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбаргардида, бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВИЧ/СПИД ва гепатит маълумот пешниҳод ва филмҳои мустанаду роликҳоро дар мавзӯъҳои мазкур ба иштирокдорон пешкаш намуданд.
Дар доираи лоиҳаи «Барнома оид ба коҳиши зарар ва пешгирии бемориҳои сироятӣ» кормандони АНМН мунтазам тренинг мегузаронанд. Ҳамчунин ба наздикӣ «Дастур оид ба омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҷеъ ба масъалаҳои коҳиши зарар ва пешгирии ВНМО дар байни шахсони истифодабарандаи маводи нашъадори тақризӣ» таҳия ва интишор шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






