Пешгирии бемории сил дар Восеъ

Июнь 16, 2016 17:07

Восеъ, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хуруҷи бемории сил дар баъзе ноҳияҳо, хусусан ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ масъулини соҳаро ба ташвиш оварда буд ва ба ин хотир соли  2012 дар ноҳияи Восеъ Беморхонаи байниноҳиявии бемориҳои сил бо 60 кат мавриди истифода қарор дода шуд.
Давоми беш аз се сол дар ин беморхона даҳҳо нафар беморон аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб табобат гирифтанд. Тавре сардухтури беморхона  Бахтиёр Назаров иброз дошт,  беморхона  аз се шуъба иборат буда, ба беморон хизмати тиббӣ мерасонад. Бемории силро асосан бемории иҷтимоӣ унвон мекунанд ва баъди беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат ва таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба солимии сокинон мувофиқи оморҳои расмӣ сатҳи беморӣ паст гардидааст.
Дар беморхонаи мазкур  шумораи табобатгирандагон дар ҳоли афзоиш аст ва табибон муроҷиати зиёди беморонро аз беҳтар гардидани шароити беморхона унвон мекунанд.

Июнь 16, 2016 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад