Пешвои миллат: «Фарзандони худро аз роҳи бад гардонед ва оқибатҳои бади гароиш ба гурӯҳу равияҳои террористиву экстремистиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонед»

Июнь 25, 2016 09:14

Душанбе, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ ба кулли роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, падару модарони соҳибэҳтиром, омӯзгорону зиёиён ва шахсиятҳои рӯзгордидаву обрӯманди ноҳия ва деҳоти Язғулом муроҷиат намуданд, ки фарзандони худро аз роҳи бад гардонанд ва оқибатҳои бади гароиш ба гурӯҳу равияҳои террористиву экстремистиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонанд.
Зеро тибқи маълумот имрӯз даҳҳо нафар сокинони ноҳия дар амалиёти ҷангӣ дар хоки давлатҳои дигар, аз қабили Сурияу Ироқ иштирок карда истодаанд ва ба андешаи Роҳбари давлат ин боиси нигаронӣ ва таассуф аст.
«Ҳамаи шумо аз вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон хуб огоҳед. Ҳоло як қатор кишварҳо ба гирдоби хунини ҷангу мухолифатҳои даҳшатнок гирифторанд ва созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аъмоли харобкоронаи худро торафт вусъат дода истодаанд.
Дар чунин вазъи бисёр ҳассосу мураккаб ҳар яки мо вазифадорем, ки ба қадри сулҳу субот ва бузургтарин дастоварди халқамон — истиқлолияти давлатӣ расем, дастовардҳои онро ҳифз кунем ва ҳамеша барои таҳкиму тақвияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш кунем», чунин таъкид намуд Пешвои миллат.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ барои ноил шудан ба ин ҳадафи миллиро дар ҳушёру зирак будан арзёбӣ намуд, то ки дар ҷаҳони пурҳаводису ноороми имрӯза манфиатҳои миллату давлатамон ва арзишҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламонро ҳимоя карда тавонем.

Июнь 25, 2016 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст