Пешвои миллат нуздаҳумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ба сокинони бонангу номус ва сарбаланди ноҳияи Ванҷ табрик намуд

Июнь 25, 2016 09:54

Душанбе, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, имрӯз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.
Пешвои миллат дар оғози суханронӣ санаи сарҷамъиву баҳамоии миллати сарбаланду сулҳдӯстамон- нуздаҳумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ба сокинони бонангу номус ва сарбаланди ноҳияи Ванҷ ва деҳоти Язғуломро самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати рӯзгорро орзу намуд.
Ба таъкиди Роҳбари кишвар ноҳияи Ванҷ дар натиҷаи дастгирии доимии давлату Ҳукумати мамлакат, иқдомоти ватандӯстонаи сокинону соҳибкорон ва шахсони ободкор чун дигар минтақаҳои кишвар, хусусан, дар давраи омодагӣ ба таҷлили ин ҷашни муқаддаси миллӣ боз ҳам ободу зеботар гардида истодааст.
«Соҳибистиқлолии кишвар дар таърихи давлатдории миллӣ ва сарнавишти халқамон оғози марҳалаи нави эҳёву гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангии миллӣ маҳсуб гардида, таъмини сулҳу суботи комил заминаи устувори пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мардуми мо мебошад.
Водии зебоманзари Язғулом натанҳо бо табиати дилписанд ва кӯҳҳои осмонбӯс, балки бо мардуми боғуруре, ки садсолаҳо суннату анъанаҳои неки миллӣ ва арзишҳои гаронбаҳои мардуми куҳанбунёди моро ҳифз кардаанд, шуҳрат дорад»,-иброз намуд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ.
Президенти кишвар дар фарҷоми суханронӣ ҳамаи мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла сокинони деҳоти Язғуломро ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти кишвари маҳбубамон  Тоҷикистон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, барои пазироии самимӣ изҳори ташаккур намуд.

Июнь 25, 2016 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд