Пешвои миллат: «Парҳезкориву лутфу эҳсон ва риояи ахлоқи ҳамида хислатҳои наҷиби моҳи шариф аст» — шарҳи матбуот

Июнь 9, 2016 14:28

Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораи навбатӣ (аз 6–уми июни соли равон) сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Ваҳдат инъикос ва дар рубрикаи «Сухани рӯз» суханони зерини Сарвари давлатро дарҷ кардааст: «Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯст ва баору номуси шаҳри Ваҳдат минбаъд низ бо заҳмати содиқонаву созандаи худ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва афзун намудани иқтидори иқтисодии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд». Мавриди зикр аст, ки зимни сафари Президенти мамлакат бинои нави истиқоматии 5 ошёна ва бинои нави нозироти андоз дар маркази шаҳри Ваҳдат ба истифода супорида шуда, ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат корхонаи металлҳои ранга ва корхонаи ғанигардонии маъдани Покрӯд ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамчунин дар ҳамин рӯз ба баталйони навтаъсиси таъйиноти махсуси Вазорати мудофиаи кишвар, ки дар мавзеи аз ҷиҳати стратегӣ хеле муҳим ҷойгир шудааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома ва Байрақи ҷангӣ тақдим карда шуд. Дар саҳифаи аввали шумораи мазкури нашрия Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон чоп шудааст. Дар Паёми Сарвари давлат, аз ҷумла омадааст: «Парҳезкориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба шахсони муҳтоҷу камбизоат кумак кардан, аз ҳама гуна амалҳои ношоиста худдорӣ кардан, риояи ахлоқи ҳамида ва умуман, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби ин моҳи шариф мебошанд».

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (аз 7-уми июни соли равон, рақами 109) Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» нашр ва тавзеҳот ба Фармони мазкур пешкаши хонандагон шудааст. Мақолаҳои «Танзим, мардум моҳияти онро беш аз пеш дарк мекунад», «Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: Қурғонтеппа зебо мешавад», «Айнӣ ва маорифпарварии миллӣ» ва мусоҳибаи Умари Шерхон бо Ҷонибек Асрориён таҳти сарлавҳаи «Гӯрғулӣ» моли тоҷикон аст, онро  набояд аз даст дод» аз ҷониби хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Шумораи рӯзи чоршанбеи «Ҷумҳурият» (№ 110, 08.06.2016) аз ифтитоҳи Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғара, бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттилоия нашр карда, ҳамчунин матни суханронии Сарвари давлатро бо сарлавҳаи «Расадхонаи Санглох дар ҷаҳон беназир аст» чоп намуд, ки дар он омадааст: «Имрӯз дар Институти астрофизика се расадхонаи илмӣ – расадхонаи «Ҳисор» дар баландии 730 метр, расадхонаи «Санглох» дар баландии 2300 метр ва расадхонаи «Помир» дар баландии 4350 метр дар ноҳияи Мурғоб фаъолият мекунанд. Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох», ки дар масофаи тақрибан 150 километр дар ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, соли 1977 таъсис ёфтааст, бо хусусияти ҷойгиршавӣ ва тарзи фаъолият дар ҷаҳон беназир аст».  Мавриди зикр аст, ки расадхонаи «Санглох» бар асари ҳодисаҳои шуми солҳои навадум аз фаъолият бозмонда буд ва маҳз бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расадхона таҷдид ва навсозӣ гардида, дубора ба фаъолияти илмӣ баргардонида шуд.

Дар шумораи мазкури нашрия ҳамчунин мақолаи корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойниёл Назриева бо сарлаваҳаи «Назари фалсафӣ ба қонунҳо»  ва хабару матлабҳои гуногун дарҷ гардидаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи рӯзи сешанбе (07.06.2016, №73) Паёми табрикии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон бо сарлавҳаи «Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд мебошад» нашр карда, аз баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар таҳти раёсати Раиси Парлумон Ш.Зуҳуров хабар чоп кардааст. Дар хабари мазкур омадааст, ки намояндагони мардумӣ зимни ҷаласаи навбатии Шӯро маълумоти раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагонро оид ба лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» шунида,  вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

«Садои мардум» аз 9 июни соли 2016 (таҳти рақами 74) суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ба фаъолият оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» бо сарлавҳаи «Расадхонаи «Санглох» ба инкишофи илм мусоидат менамояд» чоп карда, аз баргузор шудани ҷаласаи васеъ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоти ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсии пойтахт гузориши муфассал пешниҳод намудааст. Ҳамчунин дар саҳифаи якуми нашрияи «Садои мардум» хабари «Ба 100000 зан 7,3 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории саратони гарданаки бачадон рост меояд» дарҷ гардидааст.

Дар саҳифаи якуми шумораи навбатии нашрияи «Народная газета» (08.06.2016, №24) мақолаи коршиноси амрикоӣ директори фахрии ширкати байналмилалии Incorporated Research Institutions for Seismology (IRIS) Дэвид Симпсон бознашр шудааст, ки дар он ин коршиноси маъруф бо нишон додани факту рақамҳо сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бехатар ва безарар дар ҷаҳон эътироф кардааст. Ҳамчунин дар шумораи мазкури нашрия мақолаи «Сафири манфиатҷӯ» чоп шудааст, ки муаллифи он ба мусоҳибаи собиқ сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон Саидрасул Мусавӣ вокуниш нишон додааст. Собиқ сафири Эрон дар Тоҷикистон Саидрасул Мусавӣ дар мусоҳибаи худ аз ҳизби террористии наҳзати исломӣ пуштибонӣ карда, аз он изҳори таассуф хӯрдааст, ки ин ҳизбро Ҷумҳурии Исломии Эрон «танҳо» гузоштааст. Муаллифи мақолаи «Сафири манфиатҷӯ» зимни навиштаи худ ғаразҳову ҳадафҳои душманони Тоҷикистону миллати тоҷикро ошкор намудааст.  Мақолаи «Ҳамеша якум!» ба 70- солагии нахустин ҷаҳонпаҳлавони тоҷик дар риштаи гӯштингирӣ Саидмуъмин Раҳимов бахшида шудааст.

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» шеърҳои Ҳасани Султон, ҳикояи Равшан Махсумзод «Дидор дар марз», тақризи мунаққид Раҷабалӣ Худоёровро ба девони ашъори Осафии Ҳиравӣ бо сарлавҳаи «Баёзи ғазали Осафӣ бихон!», қиссаи Худоӣ Шарифзода «Аспдузд», ҳамчунин шеърҳои шоирони хориҷиро, ки дар васфи Тоҷикистону Душанбе, тоҷикону фарҳангу адаби тоҷикон навишта шудаву шоири тавоно Бозор Собир тарҷума кардааст, пешкаши хонандагон намудааст.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сарлавҳаи «Чеҳраи бегонаро ниқоб насозем» андешаҳои Н.Муродбековаро нашр кардааст. Муаллиф навиштааст: «Куртаҳои кушоду зебои миллӣ, поҷомаҳои шерозадори зебо, сарбандҳои хушгули рангоранг- оё ягон айбу нуқсоне дар ин либосҳо ба назар мерасад? Даҳҳо бор гуфтанду бори дигар мегӯем, ки момову модарҳои мо сатри авратро бо тамоми нозукиҳояш риоя мекарданду то ҳол мекунанд, манаҳи бастаю пироҳанҳои ба тан часпида ҳаргиз сатри аврат набуду нест. Ин ҳама тақлид асту аз тамошои як зумра филмҳои хориҷӣ, ки тарғибкунандаи фарҳанги ғайранд, пайдо шудаанд».

«Минбари халқ» –  нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Паёми телевизионии Пешвои миллатро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон нашр карда, сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Ваҳдат, ҷараёни ба истифода додани бинои истиқоматии 5 ошёна, бинои нозироти андоз, ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаи металлҳои ранга «Покрӯд» ва фабрикаи ғанигардони маъдани «Покрӯд», инчунин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш дар ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдатро пурра инъкос кардааст.

Июнь 9, 2016 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид