Принсипи таҳаммулпазирӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

Июнь 8, 2016 15:06

Хоруғ, 8.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Падидаҳои солҳои 90-ум, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд, миллати тоҷикро ба имтиҳони ҷиддӣ-буҳрони сиёсиву  иҷтимоӣ ва мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ намуданд.
Дар таърихи миллат истифода шудани фарҳанги баланди таҳаммулпазирӣ борҳо собит гардидааст. Дар мавриди таҳқиқи арзишҳои таҳаммулпазирӣ аён мегардад, ки ташаккули андешаҳо бобати таҳаммулпешагӣ ҳанӯз  аз давраҳои қадим дар муносибатҳои иҷтимоию сиёсии гузаштагонамон истифода шуда, ташаккул ёфтааст. Дар нигоштаҳои Авасто мавқеъ ва ҷойгоҳи  ин арзиш васеъ ба назар мерасад. Дини зардуштӣ, ки ниёгони мо пайрави он буданд, шиори олии «гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек»-ро тарғиб менамуд. Ин ҳидоят мисоли одӣ ва барҷастаи ифодагари моҳияти таҳаммулгароӣ буда, ҳар шахсро ба эҳтироми ҳамдигар, росткорӣ ва ҳамзистӣ даъват менамояд.  Ин гуна арзишҳои гаронбаҳо оид ба таҳаммулгароӣ тӯли  садсолаҳо барои пайравони дини зардуштӣ ва имрӯз барои миллати мо ҳамчун роҳнамо нақши босазо доранд.
Сарчашмаи дигаре, ки барои тоҷикон андешаҳои таҳаммулпазириро рушд ва инкишоф додааст, арзишҳои  волои дини мубини Ислом  мебошанд. Дар китоби муқаддаси «Қуръон» ва ҳадисҳои пайғамбар доир ба таҳаммулпазирии инсон ба таъкидоти зиёде дучор шудан мумкин аст. Дар Қуръон омадааст, ки сабркунанда бошед, ки Худо собиронро дӯст медорад, яъне дар ин ҷо сабр ба маънои  таҳаммул омада, он зидди низоъ ва ихтилоф мебошад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати тоҷик дар асл созандаву сулҳофар ва созгору таҳаммулпазир буд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ба даст омадани ризоияти миллӣ масъалаи сулҳи тоҷикон ва раванди оташбас яке аз мавзӯъҳои  мубрами омӯзиши коршиносони мухталифи ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷи кишвар гардид.
Аз ин лиҳоз дар раванди барқарорсозии сулҳи  тоҷикон дар баробари дигар омилҳо, нақши  андешаҳои бебаҳои маънавии ниёгони миллатамон басо муҳим ва назаррас арзёбӣ мегарданд. Меъмори  Кохи Сулҳу Ваҳдат  унвон гирифтани  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нест, зеро ӯ сабаби ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии  ақлу заковати воқеии  баҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии  мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар тамоми қаламрави Тоҷикистон буд.  Истифодаи андешаҳои  таҳаммулпазирӣ аз нахустин лаҳзаҳои  роҳбарии Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба  чашм мерасад. Даъвати нахустини  Роҳбари давлат ба хотири таъмини сулҳ ва оғози музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буд. Пешвои миллати тоҷик ҷангу зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳонаро ҳамчун воситаи  ба эътидол  овардани вазъи сиёсии ҷомеа қатъиян маҳкум намуда, кӯшиш ба харҷ дод, ки ба тарафҳои мухолиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод кунад. Сиёсати таҳаммулгароёнаи Роҳбари давлат тавонист неруҳои гуногуни сиёсиро муттаҳид сохта, дар атрофи як ҳадаф, яъне таъмини сулҳ, инкишоф ва  рушди ҷомеа сарҷамъ намояд.
Таҷрибаи сулҳофарии мо, ки мавқеи миллати моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати фарҳангию мутамаддин хеле боло бурд, аз ҷониби  ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва азбайнбарандаи буҳрони миллӣ пазируфта шуд.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бо нангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро ин ид иди сулҳу Ваҳдати миллӣ аст. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон гуфтаанд: «Чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намудани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ вазифаи ҷониву  имонии ҳар шаҳрванди равшандилу солимфикри Тоҷикистон мебошад, зеро роҳи  ягона ва шарти ҳатмии  рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан аз суботу оромӣ мебошад».
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки чунин ҳадяи бебаҳои таърих ва Ваҳдату ягонагии миллатамонро барои ҳамешагӣ ҳифз ва таъмин намуда, дар баробари ин онро ба наслҳои  оянда ба мерос гузорем. Барои расидан ба ин ҳадаф истифодаи васеи  андешаҳои таҳаммулпазирӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад, зеро барои бунёд ва рушди Ваҳдати миллӣ ҳамеша зарур аст, ки тарафҳои  мухолиф лаёқати таҳаммулпазирӣ, бахшандагӣ ва созандагӣ дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, барои пойдории минбаъдаи Ваҳдати миллӣ ва густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон  андешаҳои таҳаммулпазирӣ метавонанд нақши муассир гузоранд.

Лола Назархудоева
Устоди ДДХ ба номи Моёншо Назаршоев

Июнь 8, 2016 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид