Рӯзҳои кинои Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд, ки то 11 июни соли равон идома меёбанд.
Дар кинотеатрҳои «Ҷавонон» ва «Зебунисо» -и шаҳри Душанбе филмҳои мустанад, бадеӣ ва тасвирии синамогарони Озарбойҷон ба намоиш гузошта шуданд, ки тамошобинони тоҷик тавассути тамошои онҳо бо таъриху фарҳанг ва расму оини мардуми озар шинос шуда, аз он таассуроти амиқ бардоштанд.
Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади баргузории Рӯзҳои намоиши кинои Озорбайҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҳмадов, сардори департаменти киноматографияи Вазорати фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон, Рафиқ Алиев, Ҳунарманди мардумии Озарбойҷон, Гулзар Қурбонова, Ҳунарманди шоистаи Озарбойҷон ва Элхан Ҷаъфаров, коргардони варзидаи синамо дар шаҳри Душанбе қарор доранд.
Ҳайати мазкур бо мақсади шиносоӣ бо табиати зебои Тоҷикистон имрӯз аз шаҳри Норак ва фардо аз Қалъаи Ҳисор дидан хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






