Рӯзноманигори Амрико ва тарҷумони ӯ дар Афғонистон кушта шуданд
Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Журналисти Радиои ҷамъиятии миллии ИМА (NPR) Довуд Гилки ва тарҷумони ӯ Забиҳулло Таманно дар Афғонистон кушта шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии радиои мазкур иттилоъ медиҳад.
«Довид Гилки, журналисти NPR, ки дард ва азоби ҷангро сабт мекард, бо тарҷумони афғон рӯзи якшанбе дар Афғонистон кушта шуд», — гуфта мешавад дар як изҳорот дар сомонаи радио. Он ҷо аниқ мешавад, ки кормандони радио ҳамроҳ бо сохтори артиши Афғонистон тағйири макон мекарданд, ки мавриди гулӯлаборон қарор гирифтанд. Ҳамроҳи Гилки ва Таманно боз ду рӯзноманигори NPR буданд, вале онҳо осеб надиданд.
Гилки муҳорибаҳоро дар Афғонистону Ироқ, ва бахши Ғазза тавзеҳ медод. Ҳамчунин дар Африқои Ҷанубӣ, Сомалӣ ва Либерия кор мекард.
Ҳанӯз намояндагони NPR аниқ накардаанд, ки маҳз кадом тараф тирборон кардааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






