Раиси Бонки исломии рушд барои иштирок дар ҳамоиши байналмиллалии «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» ба Душанбе меояд
Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар шаҳри Ҷидда бо раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот анҷом дод.
Дар оғози мулоқот Заробиддин Қосимӣ ба доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ, ки аз дӯстони қадршиноси Тоҷикистон ба шумор меравад, салому дуруд ва таманниёти накуи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даъватномаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро доир ба иштирок дар Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» тақдим намуд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин доир ба ҷараёни ҳамкории пурсамари Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, нақшаҳои оянда ва маблағгузории лоиҳаҳои авлавиятноки рушди босуботи кишвари мо гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.
Аҳмад Муҳаммад Алӣ бори дигар мавқеи устувори ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалиро доир ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ барои дастгирию пуштибонӣ аз тараққиёти пайвастаи Тоҷикистон таъкид намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






