Рекорди ҷаҳонии мухлисони Исландия

Июнь 30, 2016 11:26

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мухлисони дастаи мунтахаби футболи Исландия ҳангоми тамошои бозии 1/8- ниҳоии Ҷоми «Аврупо-2016» бо тими мунтахаби Англия, ки бо ғалабаи исландиҳо(2:1) анҷом ёфт, дар тамошои бозӣ тавассути телевизорҳо рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштанд. Вақте  ки бозӣ мустақиман пахш мешуд, 99,8% тамошогарон маҳз ин вохӯриро тамошо кардаанд. Тибқи омор, бинандагони аз 10 то 80- сола, ки 272 000 ё худ 94% аҳолии Исландияро ташкил медиҳанд, ба дастаи мунтахабашон таваҷҷуҳ доштанд ва онро тавассути гузориши телевизионӣ тамошо карданд.
Барои қиёс, бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2012-ро бо ширкати дастаҳои мунтахаби Испания ва Италия  76% испаниҳо ва 75% итолиёвиҳо тавассути телевизор тамошо карда буданд. Ҳамин гуна рақамҳо дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон низ ба қайд гирифта шудаанд. Вохӯрии финалии соли 2014-ро бо иштироки дастаҳои мунтахаби Олмон ва Аргентина 75% олмониҳо ва 78% аргентинагиҳо тамошо кардаанд.
Тавре мебинем, тафовути нишондоди имсола хеле назаррас аст.

Июнь 30, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа