Роҳандозии 11 лоиҳаи инноватсионӣ дар соҳаи тандурустӣ
Душанбе, 6.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сессияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо ва момодоягӣ- гинекологӣ» доир гардид.
Дар ҷамъомад муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» таҳия ва бо қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Мақсади барнома ташаккули низоми самарабахши инноватсионӣ буда, тибқи он дар соҳаҳои гуногуни тандурустӣ 11 лоиҳаи инноватсионӣ роҳандозӣ шудаанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






