Роҳбарони МОНМ дар Минск ҷамъ меоянд
Душанбе, 06.06.2016/ АМИТ «Ховар»/. Фардо, 7 июн дар пойтахти Беларус шаҳри Минск ҷаласаи 16-уми Шӯрои байнидавлатии роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оғоз меёбад. Аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМ ИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ менамояд.
Дар ҷаласаи Шӯро роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои ИДМ ширкат намуда, масоили марбут ба фаъолияти Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии ИДМ дар давраи байни ҷаласаҳои 15 ва 16, нақши мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои ИДМ дар таъмини амнияти иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ менамоянд.
Интизор меравад, ки роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои ИДМ дар ҷаласа эъломия қабул намоянд.
Инчунин нақшаи фаъолияти Шӯрои байнидавлатии мақомоти олии назорати молиявии ИДМ барои соли оянда тасдиқ хоҳад гашт.
Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои аъзои ИДМ соли 2000 таъсис дода шуда, алҳол 9 кишвари ИДМ, назири Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия ва Украина аъзои он мебошанд.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






