Рушди мақомоти гумрук дар Душанбе баррасӣ мегардад

Июнь 27, 2016 12:26

Душанбе, 27. 06.2016/АМИТ «Ховар»/. «Рушди мақомоти гумрук дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон фардо дар Душанбе конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Конфронси мазкур дар доираи таҷлили санаи барои мардуми тоҷик таърихӣ -ҷашни 25-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конфронс масъалаҳои вобаста ба рушди мақомоти гумрук дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ  мегардад.
Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронс масъалаҳои  марбут ба татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили пояҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, истифодаи технологияҳои нав дар фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳои консептуалии рушди мақомоти гумруки Тоҷикистонро матраҳ намоянд.

Июнь 27, 2016 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад