С. Аслов: «Саъю талош барои пешгирии ифротгароии хушунатомез метавонад муваффақона бошад»

Июнь 15, 2016 16:57

Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар» /. Тоҷикистон бо доштани тӯлонитарин марз бо Афғонистон, дар хати пеши мубориза бо таҳдидҳои гуногун ҷойгир буда, новобаста ба имконоти маҳдуди иқтисодӣ дар ин самт фаъолияти ҳаматарафаи мунтазам  мебарад.
Дар ин бора зимни як баромад дар мулоқоти коршиносон дар сатҳи баланд оид ба масъалаи дарёфти ҳалли пешгирии ифротгароии хушунатомез  вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Аслов изҳори назар кард.
Роҳбари Идораи сиёсати хориҷии кишвар изҳори нигаронӣ кард, ки кӯшишҳои бахарҷдода на ҳамеша аз ҷониби шарикони мо ба таври лозимӣ тарафдорӣ мешаванд. Меъёрҳои дугонае, ки аз ҷониби онҳо истифода мешаванд, имкон намедиҳанд  вазъият, таҳдидҳои иқтидорӣ ва хусусиятҳои минтақаи моро шаффоф ва беғаразона арзёбӣ намоем.
«Кишвари мо таҷрибаи талхи муноқишаҳои дохилиро дорад, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ва сарпарастони онҳо таҳмил шудаанд. Оқибатҳои манфии ин даргирӣ то ба имрӯз эҳсос мешаванд. Тадбирҳои пешгирифтаи Хукумат ба роҳ надодан ба такроршавии он ҳодисаҳои фоҷиабор равона шудааст»,- гуфт С.Аслов.
Бино ба гуфтаи ӯ мушкилоти масъалаҳои вобаста ба ифротигароии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои байналмилалии ифротгароӣ ва террористӣ таваҷҷуҳи хосеро талаб менамоянд. «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин соҳа ба коркард ва дар оянда татбиқ намудани иқдомҳои муассир барои амали зидди ифротгароии хушунатомез  мусоидат менамояд.  Хусусан дар шароити мураккаби низомию сиёсӣ дар Ховари Миёна ва Афғонистони ҳамсоя ин ниҳоят муҳим аст».
С.Аслов зарурати афзудани талоши ҷомеаи байналмилалӣ дар масъалаи расонидани кумакҳои мақсадноки молию фаннӣ (техникӣ) ба Афғонистонро, ки аз он субот дар ин кишвар ва минтақа вобаста аст, таъкид намуд.
«Саъю талош барои пешгирии ифротгароии хушунатомез метавонад танҳо дар шароити фаъолияти дутарафа бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши шахсӣ ва хар узви ҷомеаи мо муваффақона бошад»,-  хулоса кард роҳбари ВКХ ҷумҳурӣ.

Июнь 15, 2016 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад