Савноб бо барқи доимӣ таъмин мешавад
Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъмини аҳолии Бартанги боло бо неруи барқ яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ин хотир бинои неругоҳи хурди барқи обии деҳаи Савноб аз ҷониби Ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» аз нав сохта шуд. Ҳамчунин аз Ҷумҳурии Мардумии Чин генератори нави 100 кВт оварда, насб кардаанд.
Ба иттилои корманди Ширкати барқи «Помирэнерҷӣ» Амирхон Раҳимов, онҳо тасмим гирифтаанд, ки симчӯб ва ноқилҳои барқиро аз нав кашида, дар хонаҳои шаҳрвандон ҳисобкунакҳои барқӣ насб намоянд. Бо насби таҷҳизоти нав неругоҳ дар фаслҳои зимистону тобистон, новобаста аз кам шудани оби чашмаи Савноб, 100 кВт қувваи барқ истеҳсол менамояд. Алҳол сохтмончиён кӯшиш доранд, ки дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ неруи барқро ба деҳаи Савноб интиқол диҳанд.
Неругоҳи дигар бо иқтидори 120 кВт дар деҳаи Пасори деҳоти «Савноб» сохта мешавад ва сохтмони онро МСДСП-и Хазинаи Оғохон маблағгузорӣ мекунад. Алҳол аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 43 ҳазор доллари амрикоӣ генератор харида овардаанд. Барои сохтмони бино таъмири канал ва қубурҳои обгузари неругоҳ 242 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.
Неругоҳ дар рӯзи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба кор андохта мешавад. Баробари ба кор даромадани неругоҳ деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудараи деҳоти «Савноб» пурра бо барқ таъмин хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






