Савноб бо барқи доимӣ таъмин мешавад

Июнь 18, 2016 08:45

Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъмини аҳолии  Бартанги боло бо неруи барқ яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ин хотир бинои неругоҳи хурди барқи обии деҳаи Савноб аз ҷониби Ширкати барқии  «Помирэнерҷӣ» аз нав сохта шуд. Ҳамчунин аз Ҷумҳурии  Мардумии Чин генератори нави 100 кВт оварда, насб  кардаанд.
Ба иттилои корманди Ширкати барқи «Помирэнерҷӣ» Амирхон Раҳимов, онҳо тасмим гирифтаанд, ки симчӯб ва ноқилҳои барқиро аз нав кашида, дар хонаҳои шаҳрвандон ҳисобкунакҳои барқӣ насб намоянд. Бо насби таҷҳизоти нав неругоҳ дар фаслҳои зимистону тобистон, новобаста аз кам шудани оби чашмаи Савноб, 100 кВт қувваи барқ истеҳсол менамояд. Алҳол сохтмончиён кӯшиш доранд, ки дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ неруи барқро ба деҳаи Савноб интиқол диҳанд.
Неругоҳи дигар бо иқтидори 120 кВт дар деҳаи Пасори деҳоти «Савноб» сохта мешавад ва сохтмони онро МСДСП-и Хазинаи Оғохон маблағгузорӣ мекунад. Алҳол аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 43 ҳазор доллари амрикоӣ генератор харида овардаанд. Барои сохтмони бино таъмири канал ва қубурҳои обгузари неругоҳ 242 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.
Неругоҳ дар рӯзи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба кор андохта мешавад. Баробари ба кор даромадани неругоҳ деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудараи деҳоти «Савноб» пурра бо барқ таъмин хоҳанд шуд.

Июнь 18, 2016 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад