Семинар: «Мо роҳбарӣ меомӯзем»
Душанбе, 17.06.16./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қурғонтеппа 16 ва 17 июн семинари дурӯзаи омӯзишӣ дар мавзӯи «Мо роҳбарӣ меомӯзем» доир гардид.
Дар семинар гирандагони стипендияҳои президентӣ, идрорпулиҳои раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва кормандони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷавононро дастгирӣ менамояд ва ҷавонон имрӯз барои баланд бардоштани дониши худ имкониятҳои васеъ доранд ва мақсади асосии чорабинӣ фароҳам овардани муҳит барои рушди малакаҳои ҷавонони фаъол ва мубодилаи таҷриба мебошад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки гирандагони стипендияҳо ҷавонони фаъол мебошанд ва онҳо метавонанд дар рушду нумуи кишвар, пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҳамсолони хеш ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас гузоранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.








Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад






