Ширкатҳои сайёҳӣ ва устоҳои ҳунарҳои дастӣ соҳиби бинои нав шуданд
Хоруғ, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар канори боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ва соҳили рӯдхонаи Ғунд бинои сетабақа бо тарҳи миллӣ қомат афрохт ва рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ширкати Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон он ифтитоҳ хоҳад шуд. Ин бино ба асотсиатсияи сайёҳии вилоят тааллуқ дошта, сохтмони он соли гузашта оғоз ёфт. Сардори ҶДММ «Помирсохтмон» Азизбек Яқубов, ки бунёди ин биноро ба уҳда дорад, изҳор дошт, ки он аз се ошёна, 15 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, осорхона, мағоза барои фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳалӣ, марказҳои иттилоотии сайёҳӣ ва рушди соҳибкорӣ иборат аст.
Раҳбари маркази рушди ҳунарҳои дастии «Де Памири» Ёралӣ Бердов гуфт, ки дар даҳ соли охир бо кумак ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ҳунарҳои дастӣ ба таври бесобиқа рушд карданд ва муштариёни зиёдеро дар миёни сайёҳони дохилию хориҷӣ пайдо намудаанд. То ҳол ҳунармандону устоҳои мардумӣ ягон ҷои муайян надоштанд ва дар пайдо кардани харидорон ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоти худ бо мушкилот дучор мешуданд. Акнун ин монеа аз пеши онҳо бардошта шуд ва онҳо минбаъд буҷаи оилаи худро аз фурӯши маҳсулоти дастиашон бештар ғанӣ месозанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






