«Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърихро мехонем!»-ҳамоиш дар Кӯлоб
Кӯлоб, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб дар Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» доир гардид.
Дар ҳамоиш қироати порчаҳои назмӣ ва нақли насрӣ аз китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, шеърҳо дар васфи Ватан, ваҳдат, истиқлолият ва хондани порчаҳои мазмунан ва мантиқан баланд аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби донишҷӯён иҷро карда шуд.
Ҳадафи ҳамоиш- ин дар қалби ҳар як шаҳрванд, хусусан, ҷавонон бедор кардани ҳисси ватанпарастӣ, худшиносӣ ва омодасозии онҳо барои ҳифзу таҳкими пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва инчунин дар амал татбиқ намудани ғояҳои дар ин шоҳасарҳо овардашуда мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






