«Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърихро мехонем!»-ҳамоиш дар Кӯлоб

Июнь 20, 2016 15:25

Кӯлоб, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб дар Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» доир гардид.
Дар ҳамоиш қироати порчаҳои назмӣ ва нақли насрӣ аз китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, шеърҳо дар васфи Ватан, ваҳдат, истиқлолият ва хондани порчаҳои мазмунан ва мантиқан баланд аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби донишҷӯён иҷро карда шуд.
Ҳадафи ҳамоиш- ин дар қалби ҳар як шаҳрванд, хусусан, ҷавонон  бедор кардани  ҳисси ватанпарастӣ, худшиносӣ ва омодасозии онҳо барои ҳифзу таҳкими пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва инчунин дар амал татбиқ намудани ғояҳои дар ин шоҳасарҳо овардашуда мебошад.

Июнь 20, 2016 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард